Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз, 19-уми ноябр бо сафари якҳафтаина ба шаҳри Санкт-Петербург меравад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод, ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯро ва иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунад.

Ба ғайр аз ин, дар Санкт-Петербург як қатор дидору гуфтушунидҳои Убайдуллоев бо роҳбарони парлумонҳои чанде аз кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Раисони парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ нақшаи чорабиниҳоро ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ ва қабул мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.