Сиёсатмадор, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, воқеъияти Тоҷикистон тайи 10 соли охир чунин аст, ки натиҷаҳои ҳама гуна интихобот на ба раъйдиҳандагон, балки ба нишондиҳандаҳои тасдиқкардаи ҳукуматдорон вобаста хоҳад буд.

Ӯ мутмаин аст, натиҷаҳои интихобот ба парлумони Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2015 баргузор гардид, “на дар қуттиҳои раъйдиҳӣ, балки дар долонҳои ҳукумат муайян шуда буданд”.

“ҲСДТ умедвор аст, ки интихоботи парлумонии аввали баҳори соли оянда ба тарзи дигар баргузор шуда, ҳукуматдорон ба садои мардум гӯш медиҳанд ва дар ниҳояти кор дарк мекунанд, ки ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон рушду шукуфоии Ватан ва таъмини ҳаёти шоиста ба мардумро мехоҳанд”, - афзуд сиёсатмадор.

Дар робита ба иштироки ҲСДТ дар интихоботи навбатии парлумонӣ Шокирҷон Ҳакимов зикр кард, ки масъалаи мазкур дар шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.