Дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 19 ноябр маросими ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супурдани нусхаи эътимодномаҳои сафирони навтаъйини Подшоҳии Баҳрайн Муҳаммад Иброҳим Абдулқодир, Подшоҳии Таиланд Русс Ҷаличандра ва Ҷумҳурии Нигер Салоу Адама Газибо баргузор шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни суҳбат бо сафирони навтаъйин ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои мазкур, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Гуфта мешавад, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафирони нав дар фаъолияти дипломатияшон дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ба аввали моҳи ноябр Душанбе бо 175 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.