Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ имрӯз, 10-уми декабр ҳайати баҳодиҳии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА)-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре маркази матбуоти КМИР Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкорӣ дар маъракаҳои интихоботӣ, тағйироту иловаҳои ба қонунгузории интихобот воридшуда, ҳамчунин ҳамкории дуҷониба табодули назар карданд.

Бахтиёр Худоёрзода ба намояндагони ДИДҲБ/САҲА дар бораи чорабиниҳои омодагии пеш аз интихобот, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ гузаронида мешаванд, маълумот дод.

Таъкид шуд, ки дар ин давра Комиссия дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор давраҳои омӯзишӣ оид ба омодасозии коршиносони масоили интихобот баргузор карда, бо иштироки онҳо барои аҳолии кишвар семинарҳо гузаронидааст.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки дар рафти семинарҳо талаботи қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҷараёни омодагӣ ва баргузории маъракаи интихоботӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Зикр шуд, ки ин чорабиниҳо дар ду марҳила аз моҳи май то декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир гардиданд.

Комиссия ҳамчунин як қатор дастурҳо ва маҷмӯи тартиботро таҳия кардааст. Раиси КМИР таъкид дошт, ки дар давраи омодагии пеш аз интихобот сомонаи расмии Комиссия такмил дода шуда, дар он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳо, нақшаи тақвимӣ, маълумоти расмӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдори ин ниҳод ҷойгир шуданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили иштироки нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла, аз ДИДҲБ/САҲА дар интихоботи қарибулвуқӯъ бо мақсади кушодагиву шаффофияти он, ҳамчунин густариши ҳамкориҳо бар асоси санадҳои байнулмилалии марбут ба интихобот, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудааст, табодули назар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.