Бори нахуст дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол рӯзи 22-юми декабр интихоботи парлумонӣ тибқи меъёрҳои Кодекси интихоботии кишвар мегузаранд, ки соли гузашта қабул шуд.

Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов имрӯз дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки пештар интихобот дар ин кишвар дар доираи 21 қонун доир мегардид. “Интихоботи кунунӣ ба парлумон таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – интихоботи нав” мегузарад”, - гуфт сафир.

Дипломат таъкид дошт, ки дар муқоиса бо интихоботи парлумонии соли 2014 интихоботи кунунӣ ба парлумон дар шароити шаффоф, иштироки фаъоли раъйдиҳандагон, тақвияти назорати ҷамъиятӣ аз болои амали ҳукумат ва тавсеъаи ваколатҳои аҳзоби сиёсӣ баргузор мешавад.

“Дар интихобот ба парлумони нави Ӯзбекистон бори нахуст дар таърихи давлатдории мо шаҳрвандоне ҳам овоз дода метавонанд, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд. Танҳо шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазо гирифтаанд, чунин ҳуқуқ надоранд”, - қайд кард сафир.

Шоисматов таъкид дошт, ки дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон 750 нафар намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ барои 150 курсии вакилӣ рақобат мекунанд.

“Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки муваққатан дар қаламрави Тоҷикистон иқомат доранд, рӯзи 22-юми декабр дар қитъаи интихоботии намояндагии дипломатии мо дар Душанбе дар интихобот иштирок карда метавонанд. Ба ғайр аз ин, дар Суғду Бохтар ва Қубодиёну Турсунзода шаҳрвандони кишвари мо пеш аз муҳлат овоз дода метавонанд”, - шарҳ дод сафир.

Эргаш Шоисматов ба ҳукумати Тоҷикистон барои мусоидат ба ташкили интихоботи парлумонии кишвараш дар қаламрави ҷумҳуриамон изҳори миннатдорӣ кард.

Тибқи маълумоти сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, айни замон дар қаламрави ҷумҳуриамон ҳудуди 3 ҳазор нафар шаҳрвандони ҳамсоякишвар зиндагӣ доранд. Аз ин шумор тақрибан 2 ҳазор нафарашон донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.