Миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ рӯзи 13-уми декабр ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки  роҳандозии муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф, минҷумла дар сатҳи олӣ, ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин ҳамёрии созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байнулмилалӣ самараҳои марҳилаи дурахшони робитаҳои байнидавлатии ду кишвар мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки боздиди қарибулвуқӯъи амири Қатар аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.

Дар барқияи амири Қатар Эмомалӣ Раҳмон “Бародари азиз” номида шуда, аз робита ва муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ ва ҷиҳати идомаи кору ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба хотири дастгирӣ ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф ба нафъу суди мардумони кишварҳо омодагӣ изҳор шудааст.

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, амири Қатар ояндаи наздик бо сафари корӣ ба Душанбе омада, дар маросими ба истифода додани бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо иштироки сармояи Қатар сохта шуд, ширкат меварзад.

Замони дақиқи сафари амири Қатар ба Тоҷикистон тариқи воситаҳои дипломатӣ муайян мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.