Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ҲХДТ хабар доданд.

Қодири Қосим 9-уми апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси “агроном” хатм ва фаъолияти меҳнатиро ҳамон сол ба ҳайси агрономи совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз кардааст.

Ҳамчунин ба ҳайси сарагрономи совхози “50-солагии СССР”, инструктори КМ Комсомоли Тоҷикистон, котиби дуюми Кумитаи комсомоли Тоҷикистон дар вилоят, муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси ВМКБ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ва раиси ВМКБ ифои вазифа кардааст.

Рӯзи 23-юми январи соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифаи роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шуд.

Моҳи феврали соли 2017 Қодири Қосим раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.