Душанбе бар ин назар аст, ки Бишкек меъёрҳои протоколи қаблан имзошударо оид ба пешниҳоди маълумот дар бораи рӯйдодҳои ҷараёндошта дар сарҳад умуман риоя намекунад.
Имрӯз, 14-уми январ дар шаҳри Исфара вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ баргузор мешавад.
Ба ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим прокурори генералӣ, раиси КДАМ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ шомиланд.
Ҳайати кишвари ҳамсояро дар гуфтушунид муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов роҳбарӣ мекунад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз масоили гуфтушунид хабар дод, қаблан ҷонибҳо дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи рӯйдодҳои ҷараёндошта дар сарҳад протокол имзо карда буданд.
“Барои пешгирии бад шудани вазъ дар қитъаҳои баҳсноки марзи ду кишвар чунин тасмим гирифта шуд, аз ҷумла, дар протокол ҷонибҳо уҳдадор шуданд, ки танҳо маълумоти аз ҳар ду ҷониб мувофиқашударо ба ВАО пешниҳод мекунанд”, - қайд кард манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, “Бишкек ҳамеша меъёрҳои ин протоколро нодида мегирифт ва дар бораи рӯйдодҳои дар марз ҷараёндошта маълумоти яктарафа ва баъзан таҳрифшударо пешниҳод мекард”.
Имрӯз зимни вохӯрии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара риояи талаботи протоколи зикршуда баррасӣ мешавад.
Тавре қаблан хабар дода будем, ҳайати Тоҷикистон умедвор аст, ки дар Исфара бобати минбаъд роҳ надодан ба муноқишаҳо дар сарҳад ва ҳалли ниҳоии масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани созмондиҳандагони ин низоъҳо созиш ҳосил мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста