Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишнома дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ мекунад.

“Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи парлумон баррасии масъалаи тасдиқи “Созишнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва таъмини моддӣ-техникии панҷ муассисаи таълимии таҳсилашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода” дар назар аст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.

Ҳадаф аз имзои Созишнома давра ба давра бунёди 5 мактаби таҳсилоти умумӣ бо таълими забони русӣ дар ин шаҳрҳо мебошад, ки ҳар кадоме барои таҳсили 1,2 ҳазор нафар толибилмон пешбинӣ шудааст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани мактабҳо таълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад.

Барои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон Русия 6 млрд. рубл – наздики 1,2 млрд. рубл барои ҳар кадоме аз мактабҳо маблағ ҷудо мекунад.

Созишнома моҳи апрели соли гузашта дар Маскав пас аз гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.