Ҷонибҳо ният доранд, ки дар қаламрави наздисарҳадӣ қитъаҳоеро муайян созанд, ки дар шакли “катакҳои шоҳмотӣ” ҷойгиранд.

Дар шаҳри Бишкек имрӯз, 22-юми январ ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳадоти давлатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки аз ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ҳалли мушкилоти марзӣ огаҳ аст.

Ба гуфтаи ӯ, назди гурӯҳҳои кории иборат аз геодезистҳо, дипломатҳо, намояндагони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҳуқуқшиносон вазифаи мушаххас гузошта шудааст, ки то 1-уми марти соли 2020 дар бораи ивази қаламравҳо дар қитъаҳои баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳодот таҳия кунанд.

“Масъалаи ивази қаламравҳо дар қитъаҳои баҳсноки сарҳади байни ду кишвар муддати тӯлонӣ баррасӣ гардида, вариантҳои гуногун пешниҳод шуданд, - қайд кард манбаъ. -  Соли гузашта танҳо аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 60 варианти ивази қаламравҳо пешниҳод гардид”.

Таъкид шуд, ки имрӯз коршиносон масъалаи ивази қитъаҳоро дар деҳаҳои Оқ-Сой ва Самарқандек баррасӣ мекунанд, ки дар қитъаи сарҳади давлатӣ байни шаҳри Исфара ва Ботканд воқеъ аст.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз суҳбати телефонии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков рӯзи 13-уми январ дар масъалаи ҳалли мушкилоти марбут ба қитъаҳои баҳсноки сарҳад пешравиҳо ба назар мерасанд.

Зимни гуфтугӯ сарони кишварҳо ба вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, аҳаммияти идомаи муколамаи дуҷонибаро доир ба пешрафтҳо дар ҷараёни гуфтушунид оид ба сарҳад таъкид доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков он замон дар бораи фаъолсозии ҷараёни вохӯриҳо ва суръатбахшӣ ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо мақсади роҳ надодан ва пешгирии шиддатёбии вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ созиш ҳосил карданд.

Ба Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.