Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон дар робита ба ҳалокати теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия қайд шудааст, ки “хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.  

“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии самимии хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониён иброз дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - омадааст дар барқия.

Тибқи маълумоти ахири Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Туркия, заминларзаи шадиди 6,6-балӣ шоми ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар вилояти Элязик, воқеъ дар шарқи Туркия рух дода, бар асари он 29 нафар ҳалок ва 1466 нафар осеб диданд. Дастикам 43 касро аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.