Рӯзи 30-юми январ сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷумҳурии Сербия шурӯъ гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафари мазкур Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Сербия хонум Ана Брнабич дидору гуфтушунид кард.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар заминаҳои гуногун баррасӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сарвазири Сербияро ба Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.