Султони Бруней Доруссалом Ҳассанал Балкияҳ чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон даъватномаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро​ ба унвони Султони Бруней Ҳассанал Балкияҳ​ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» дар Душанбе (18-20 июни соли 2020) супорид.

Гуфта мешавад, султони Бруней дуруду паёми самимонаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, бо ишора ба сафари давлатии Роҳбари давлати Точикистон ба Бруней дар соли 2010 таъкид намуд, ки танзими сафари ҷавобӣ мавриди пайгирӣ қарор хоҳад гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.