Дар Осло сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Норвегия (бо қароргоҳ дар Вена) Идибек Қаландар ба Шоҳи Норвегия Ҳаралди V эътимоднома супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат Идибек Қаландар ба Шоҳи Норвегия паёми шодбоши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Норвегия изҳор дошт.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба самтҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Норвегия дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Норвегия соли 1992 барқарор шудаанд. То инҷониб муносибатҳои дипломатии ду давлат танҳо бо мукотибаи дипломатӣ маҳдуд буда, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ дар марҳилаи бунёд қарор дорад.

Шоҳигарии Норвегия дар доираи Барномаҳои САҲА бо мақсади нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ва лавозимоти муқаррарии ҷангӣ ба Тоҷикистон кумаки молиявӣ кардааст.

Рӯзи 6 августи соли 2010  «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти «Ёрии халқи Норвегия» дар бораи ҳамкории гуманитарӣ дар соҳаи безараргардонии минаҳо» баста шуд. Дар мувофиқат бо ин созишнома дар соли 2010 ҷониби Норвегия бо мақсади тозакунии майдонҳои минаи Тоҷикистон 7 млн. крон (1,06 млн. $) ҷудо кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.