Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ирсоли барқия ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин бо хуруҷи илтиҳоби шуш, ки шакли нави коронавирус боиси он шудааст, изҳори сипос кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Си Ҷинпин аз ҷумла омадааст, ки имрӯзҳо мардуми Чин таҳти роҳбарии ҳукумати кишвар бар зидди эпидемияи илтиҳоби шуш мубориза бурда истодааст.

Мо боварии комил, қувваю тавоноии кофӣ ва эътимоди амиқ дорем, ки дар ин мубориза бо мақсади пешгирии эпидемия ғолиб меоем", - навишта шудааст дар барқия.

“Моҳи июни соли сипаришуда мо дар шаҳри Душанбе суҳбату мулоқотҳои дӯстона доштем ва доир ба муносибатҳои Чину Тоҷикистон ва рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори андеша намуда, муносибатҳои ду кишварро ба марҳалаи нави рушду шукуфоии якҷоя ворид кардем. Ман ба густариши муносиботҳо миёни Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дода, омодаам бо Шумо минбаъд низ баҳри тақвият бахшидан ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва рифоҳи кишварҳоямон дар робитаи наздик бошам”, - изҳор доштааст Си Ҷинпин.

Дар фарҷоми барқия ба Эмомалӣ Раҳмон саломативу дар корҳо комёбӣ ва ба мардуми Тоҷикистон хушбахтиву амонӣ таманно шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.