Роҳбари ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳод Сергей Лебедев имрӯз дар вохӯрӣ бо журналистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба маъракаи интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март ҳамаҷониба омодагӣ гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, “маъракаи интихобот дар Тоҷикистон ба таври шоиста, дар фазои дӯстиву оромӣ баргузор шуд”.

Сергей Лебедев таъкид дошт, ки дар қиёс бо интихоботи соли 2015 дар ин маърака тоҷикистониён хеле саводноктар шудаанд.

“Агар қаблан одамон ба номзадҳо ба вакилӣ нисбатан серталаб набуданду ба ваъдаҳои бархе аз онҳо бовар мекарданд, дар ин интихобот мо дидем, ки мардум барои ба кӣ овоз доданашон таваҷҷуҳ мекунанд, номзадро меомӯзанд, ки оё ин ё он номзад ба ваъдааш вафо карда метавонад ё не”, - қайд кард Сергей Лебедев.

Ӯ зикр кард, ки интихоботи рӯзи 1-уми март доиргардида мутобиқи Конститутсия ва қонунгузории инихоботии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

“Онҳо ба усули интихоботи демократӣ ҷавобгӯ буда, бар асоси рақобат, кушоду ошкоро баргузор шуданд”, - таъкид дошт роҳбари ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз ИДМ.

Қаблан роҳбари ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай интихоботи парлумонии Тоҷикистонро демократӣ унвон кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.