Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯзи 11-уми март дар шаҳри Исфана бо сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Сулукта ва ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд вохӯрда, бо онҳо дар бораи роҳҳои ҳалли масоили марбут ба сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон суҳбат кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, зимни вохӯрӣ ӯ қайд кардааст, ки ахиран гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон дар ин самт барқарор ва фаъол шуда, ҳар ду ҷониб ба муколамаи созанда бо назардошти далелҳои ҳамдигар омодаанд.

“Ҳамаи мушкилот бояд бо назардошти фикри аҳолии маҳаллӣ ҳал шавад. Мустаҳкамии сарҳад натанҳо бо неруи артиш, балки бо эҳсоси ватандӯстии сокинони дар он иқоматдошта низ арзёбӣ мешавад. Албатта, ҷараёни гуфтушунидҳо вақти зиёд талаб карда, анҷоми он дар муҳлати кӯтоҳ имкон надорад. Аз ин рӯ, аз мо натанҳо дурандешиву оқилӣ, балки сабру таҳаммул ҳам тақозо мешавад”, - таъкид доштааст ӯ.

Сооронбой Жээнбеков ҳамчунин қайд кардааст, ки бо касби соҳибистиқлолӣ қариб ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ бо мушкилоти марбут ба сарҳадҳо рӯ ба рӯ шуданд.

“Масоли вобаста ба марзҳо бояд бо назардошти фикру андешаи аҳолии маҳаллӣ ҳаллу фасл шаванд”, - таъкид доштааст президенти Қирғизистон.

Ӯ таъкид кардааст, ки дар масъалаи ҳалли мушкилоти марбут ба сарҳад се роҳу воситаи ҳал вуҷуд дорад.

“Роҳи аввал ҳамаро ба ҳоли худ гузоштан аст. Воситаи дуюм – истифода аз неру, ки дар он ҳар ду ҷониб роҳи созиш наёфта, масъаларо тавассути низои ҳарбӣ ҳал мекунанд. Ва роҳи сеюм – ҳалли масъала сари мизи гуфтушунид”, - номбар кардааст сарвари давлати Қирғизистон.

Жээнбеков аз қирғизҳо даъват кардааст, ки ба амалҳои иғвогаронаи тарафҳои гуногуни манфиатдор дода нашаванд, зеро онҳо  танҳо барои бесубот кардани вазъ пайдо ва аз байн мераванду ба вилояти Ботканд ҳеҷ робитае надоранд.

“Дар ниҳояти кор худи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бо мушкилот танҳо мемонанд”, - илова кардааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр сарҳадоти муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.