Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22-юми апрел бо мудири Идораи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Аврупо Ҳанс Клюге суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар суҳбат ҷонибҳо масъалаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19, паёмадҳои он ба кишвар ва дар ин замина мусоидати Созмон барои Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон роҷеъ ба видео-конфронси қарибулвуқӯи минтақавӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак алайҳи ин беморӣ табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки ҳайати намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон ва Туркманистон боздид мекунад.

Дар назар аст, ки ҳайати коршиносони Созмон аз рӯйи натиҷаҳои сафар ба ҳар ду кишвар брифинги кушода баргузор карда, доир ба вазъ дар минтақа изҳори назар мекунад.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 24-уми апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.