Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки муддати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро, ки муваққатан дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд, то 1-уми июли соли 2020 худ ба худ тамдид кунад.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, ин қарор дар чаҳорчӯби чораҳои андешидашуда оид ба пешгирии интишори бемории COVID-19 қабул шудааст.

Аввали моҳи апрел низ бо ҳамин мақсад дар Тоҷикистон дар мавриди вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тариқи ҳамаи дидбонгоҳҳои назоратӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд.

Дар хабар доир ба мушаххасоти тамос бо Сарраёсати консулгарии ВКХ ва дигар сохторҳои дахлдор маълумот дода шудааст.

Сарраёсати консулии ВКХ

шаҳри Душанбе,

кӯч. Пушкин 34,

тел: 227-63-63

e-mail: [email protected]

Намояндагии ВКХ дар вилояти Суғд

шаҳри Хуҷанд,

кӯч. М.Танбӯрӣ 5,

тел: +992 000104244

e-mail: [email protected]

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

Қабулгоҳ: 227 55 54

Муовини сардор: 227 17 35

Муовини сардор: 227 86 31

Вилояти Суғд: 927775502

Вилояти Хатлон: 904170808

ВМКБ: 935028336

Рашт: 981007112

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.