Тоҷикистон ба рӯйхати пешакии кишварҳое шомил гардид, ки барои шаҳрвандони ин давлатҳо Иттиҳоди Аврупо (ИА) шояд аз 1 июл вуруд ба қаламравашро иҷоза диҳад.

Тавре Euronews иттилоъ медиҳад, ИА ният дорад, ки сарҳадҳояшро барои баъзе кишварҳо, ки узви Иттиҳод нестанд, боз кунад. Рӯйхати ин кишварҳо бар асоси тавсияи Комиссияи Аврупо тартиб дода шудааст.

Ба рӯйхат беш аз 50 кишвар бо шумули Ӯзбекистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Туркманистон дохил шудаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон дар рӯйхат нест. Ба он инчунин ИМА, Русия ва Бразилия низ шомил нашудаанд.

Манбаъҳои EuroNews қайд кардаанд, ки рӯйхат аллакай боиси баҳсҳо шудааст. Гуфта мешавад, оид ба муайян кардани меъёрҳо барои қабули ин қарор байни кишварҳои ИА ихтилофҳо рӯйи кор омада, бархе гуфтаанд, ки маълумотҳо дар бораи COVID қобили эътимод нестанд.

Аз ин рӯ, мансабдорони аврупоӣ рӯзи панҷшанбе сари як қароре омада натавониста, гуфтушунидро рӯзи ҷумъа идома медиҳанд. Манбаъҳои нашрия инчунин зикр кардаанд, ки рӯйхатҳо ҳар ду ҳафта бозбинӣ мешаванд.

Рӯзи 25 июн Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки 30 кишвари Аврупо, ки дар онҳо маҳдудиятҳои карантин сабук карда шуданд, ҳафтаи гузашта бо афзоиши шумори ҳолатҳои ошкоршудаи сироят аз COVID-19 дучор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.