Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КМИР ҶТ, дар ҷаласаи Комиссия таҳти роҳбарии раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода, масоили омодагӣ ба маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар Нақшаи тақвимии КМИР, ки имрӯз тасдиқ шуд, муҳлати таъсиси ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ, ташкили ҳайати комиссияи онҳо, пешбарӣ ва сабти номзадҳо ба мансаби президенти ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, чорабиниҳои дар нақша зикршуда хусусияти тадорукотиву омодагӣ дошта, амалисозии онҳо дар муҳлатҳои муайяншудаи қонунгузорӣ ба баргузории маъракаи озоду шаффоф ва демократии интихоботи президентӣ дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ мусоидат мекунад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, барои баргузории интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ бо зикри қаламрав ва шумори пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, ҳамаи онҳо рақам ва номгузорӣ карда шуданд.

Дирӯз, 6 август парлумони Тоҷикистон санаи баргузории интихоботи президентро рӯзи 11 октябр таъин кард.

Акнун аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд ба пешбарии номзадҳои худ ба мансаби президенти Тоҷикистон оғоз кунанд.

Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Аз соли 1994 мансаби сарвари давлати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ишғол мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.