Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани пешазинтихоботии худро рӯзи 23 август дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲДТ хабар дод, дар ин анҷуман номзад аз ҳизб ба интихоботи президентӣ пешбарӣ мешавад.

Дар анҷумани пешазинтихоботии демократҳои Тоҷикистон аз иштироки наздики 80 нафар вакилон интизорӣ меравад.

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) 22 август доир мегардад. Дар ин бора раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар анҷуман интихоби 1 вакил аз ҳар кадом 100 нафари аъзои ҳизб пешбинӣ шудааст.

ҲСТ имрӯз беш аз 21 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро дар сафҳои худ мутааҳид карда, ба ин тариқ, дар анҷумани ҳизб ҳудуди 200 нафар вакилон аз минтақаҳои гуногуни кишвар гирдиҳам меоянд.

Дар анҷумани ҲСТ як масъала - пешбарии номзад аз ҳизб барои иштирок дар интихоботи президентӣ баррасӣ мешавад.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон айни ҳол аҳзоби зерин санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд: Ҳизби халқии демократӣ - рӯзи 3 сентябр, Ҳизби коммунист - 5 сентябр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 24 август, Ҳизби аграрӣ - 15 август,  Ҳизби демократ - 23 август ва Ҳизби сотсиалистӣ - 22 август номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) то ҳол рӯзи баргузории анҷумани пешазинтихоботии худро муайян накардааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.