Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31 август дар Душанбе доир гардида, дар он номзади иттифоқ ба мансаби президентӣ пешбарӣ мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ хабар дод, имрӯзҳо ташкилотҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии Иттифоқ вакилони худро ба анҷуман интихоб карда истодаанд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсӣ мебошад, ки 12 октябри соли 1992 дар анҷумани XXVI  Иттифоқи Ленинии коммунистии ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ин анҷуман вориси ҳуқуқии ин Иттифоқ эълон шуд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори “Барои ваҳдат ва пешрафт дар Тоҷикистон” амал карда, мақомоти олии он анҷуман мебошад.

Тибқи ананаи роиҷ, ин ташкилотро раиси Кумитаи ҷавонон ва варзши назди ҳукумати Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар баробари аҳзоби сиёсии дар ҷумҳурӣ сабтшуда ба пешбарии номзади худ дар интихоботи президентӣ ҳуқуқ дорад.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.