Вакилони анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, раиси ҳизб Рустам Раҳматзода (Қудратов)-ро номзад ба мансаби президенти ҷумҳурӣ пешбарӣ намуданд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад.

Дар интихоботи 1 марти соли 2020 панҷ нафар намояндагони ҲИИТ ба курсиҳои вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш - Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода) ва ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Дар назар аст, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ аввали моҳи сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби мухолифи сотсиал-демократии Тоҷикистон то ҳол рӯзи баргузории анҷумани худро эълон накардааст. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ рӯзи 21 август изҳор дошт, ки ташкилотҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар мухолифи иштироки сотсиал-демократҳо дар интихоботи президентӣ мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.