Фаъолияти гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар замони пандемия ҳам идома ёфт.

Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳамраисони комиссияи мазкур муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров мебошанд.

Рӯзи 24 август бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Зимни гуфтугӯ як қатор ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд.

Дар мулоқот муҳимияти доимо баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии минтақаи наздисарҳадӣ то пурра расмияти қонунӣ гирифтани хати сарҳад бар асоси муқаррароти созишномаҳои имзошуда ва санадҳои комиссияи байниҳукуматӣ таъкид шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.