Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ба соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ сармоягузориҳои хусусиро ҷалб намояд.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар бар ин назаранд, ки иштироки бахши хусусӣ ба беҳбуди фаъолияти моиявии соҳа мусоидат мекунад.

Вазорат механизмҳои гуногуни ҳамкориро бо бахши хусусӣ баррасӣ мекунад, аз ҷумла ҷалби ширкатҳои байнулмилалии идоракунӣ. Дар Вазорати энергетика бар ин назаранд, ки ҷалби ширкати байнулмилалии идоракунӣ ба ташкили фаъолияти шаффоф ва устувори соҳа, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои пурсамари молиявӣ ва амалиётӣ мусоидат мекунад.

Энергетикҳои тоҷик интизорӣ доранд, ки иштироки бахши хусусӣ ба дубора ташкилу бозсозии корхонаҳо оид ба интиқол ва тақсимот кумак мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуд. Анҷоми пурраи ин ҷараён охири соли 2018 пешбинӣ гардида буд.

Айни замон бастаи пурраи саҳмияҳои ширкати “Барқи тоҷик” дар ихтиёри ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Охири моҳи июни соли гузашта бо қарори ҳукумат 2 ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта дар заминаи “Барқи тоҷик” – Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» тасдиқ карда шуданд. Лекин корхонаҳои нав то ҳол ба фаъолият напардохтаанд.

Аз “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин корхонаҳо давоми соли равон ба фаъолият оғоз мекунанд.

Ба ҳолати 1 январи соли равон қарзҳои кредитории “Барқи тоҷик” дар маҷмӯъ 26 млрд сомониро ташкил дод, ки 21 млрд сомониаш ба лоиҳаҳои сармоягузории амаилишуда дар соҳаи электроэнергетика (25 лоиҳа амалӣ шуда боз 13-тоаш дар марҳилаи амалишавӣ) рост меояд.

Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарзҳо аз ду нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда”, инчунин “Ориёнбонк” барои харидани мазут ва ғайра мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.