Дар Маскав рӯзи 9 сентябр вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор шуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, атрофи масъалаҳои роҳу воситаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бар асоси муносибатҳои дӯсти ва ҳамҷавории бисёрсола табодули назар намуданд.

Вазирон инчунин масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни кишварҳоро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар Маскав дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Курешӣ гуфтушунид кард.

mfa.tj

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, самтҳои ояндадори ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.

Вазирон натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои кории муштаракро баррасӣ намуда, дар тақвият бахшидан ба истифодаи имконоти мавҷуда бо мақсади афзоиши савдои дуҷониба созиш ҳосил карданд.

Зимни вохӯрӣ вазирон ба масъалаи саривақт амалисозии лоиҳаи CASA-1000 таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар Маскав Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар низ мулоқт карда, дар он вазъи кунунӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷабҳаи кишварҳо дар соҳаҳои сиёсату тиҷорат, иқтисоду фарҳанг ва ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ шуд.

mfa.tj

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҷониби Ҳиндустон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар мубориза бо паҳншавии сирояти коронавируси нав изҳори миннатдорӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.