Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар пайгирӣ (мониторинг) ва омодагӣ ба баргузории интихоботи президенти ҷумҳурӣ нозирони байнулмилалиро аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (АБП ИДМ) даъват кард.

Тавре хадамоти матбуоти АБП ИДМ хабар медиҳад, ояндаи наздик ҳайати гурӯҳи пайгирӣ аз ҳисоби намояндагони парлумони кишварҳои АБП ИДМ, кормандони Котиботи Шӯрои АБП ИДМ ва коршиносон муайян карда мешавад, ки интихоботро назорат мекунанд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад. КМИР 5 номзадро ба қайд гирифт: Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунист номзад пешбарӣ шуданд.

Номзадҳо ба мансаби президентӣ 15 сентябр ба баргузории маъракаи таблиғотӣ шурӯъ намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.