Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар имрӯз бо даъвати ҷониби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар бораи сафари кории Атмар ба Душанбе сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи 21 август зимни суҳбати телефонӣ тавофуқ ҳосил карда буданд.

Давоми ду рӯз ба ҷуз сарвари давлат, Муҳаммад Ҳаниф Атмар ният дорад, ки бо раҳбарияти ВКХ ва КДАМ Тоҷикистон дидору гуфтушунид кунад.

Дар гуфтушунидҳо ба масоили амнияту ҳамкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷонибҳо инчунин атрофи вазъият дар сарҳад, мубориза бо терроризсму қочоқи маводи нашъаовар, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, робитаҳо дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт табодули назар мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.