Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

Маҳмадтоир Зокирзода аз иқдомоти накӯи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ кард.

“Мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд”, - таъкид кард ӯ.

Зикр шуд, ки барои мкишварҳо имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии кишварҳоямон ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам оварда шудааст.

“Итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт”, - изҳор дошт Маҳмадтоир Зокирзода.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи баӣнипарлумониро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иштирок кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.