Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Асамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ Юлия Анисимова ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченко дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар мулоқот вобаста ба масоили интихоботи президенти Тоҷикистон, равандҳои интихоботӣ, имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаҳои номзадҳо, мавқеъи аҳзоб доир вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муносибатҳои байналмилаллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сурат: parlament.tj

“Имконоти васоити ахбори омма ба таври шаффофу баробар дар ихтиёри номзадҳо қарор дошта, ҳеҷ монеае барои ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди таблиғоти интихоботӣ вуҷуд надорад», - изҳор дошт Саидмурод Фаттоҳзода.

Гуфта мешавад, Юлия Анисимова ва Станислав Ткаченко ҳамзамон бо номзадҳои интихоботи президенти Рустам Қудратов ва Латифзода Рустам мулоқот намуданд.

Зикр мегардад, ки дар мулоқот намояндаи Мачлиси Олӣ дар Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва муовини котиби генералии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. КМИР ҶТ 5 номзадро расман ба қайд гирифт: аз Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократӣ Эмомалӣ Раҳмон; аз Ҳизби аграрӣ - Рустам Латифзода; аз Ҳизби сотсиалистӣ - Абдуҳалим Ғаффорзода; аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - Рустам Раҳматзода ва аз Ҳизби коммунист - Мироҷ Абдуллоев номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.