Ҷаласаи маҷозии махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭ) 24 сентябр баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси раис иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти суханронӣ доир ба фаолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо ва дастовардҳо дар доираи Машварат ба иштирокдорони ҷаласа маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Гуфта мешавад, зимнан вазир ба муносибати анҷом ёфтани давраи раёсати Тоҷикистон дар МҲТЭ ба кишварҳои узв барои дастгирӣ ва иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо тайи ин ду сол изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар оянда низ Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин ниҳод бо кишварҳои узв ҳамкориҳои гуногунҷанбаро идома хоҳад дод.

Сурат: ВКХ ҶТ

Зикр мегардад, ки  Тоҷикистон раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиёро аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли равон ба уҳда дошта, дар ҷаласа раёсати ин ниҳодро барои давраи оянда ба Қазоқистон супорид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.