Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов имрӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳ ӯро муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир мегардад, ки дар он ҳайатҳои ҳар ду кишвар таҳти раёсати сарвазирони давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов масоили ифтитоҳи сарҳади давлатӣ ва барқарор намудани парвозҳо байни кишварҳоро баррасӣ мекунанд.

Ба ҷуз иштирок дар кори Комиссияи байниҳукуматӣ, сарвазири Ӯзбекистон ҳамчунин аз ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад, боздид намуда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Ғайр аз ин, шиносоии наздики ӯ бо фаъолияти корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии Тоҷикистону Ӯзбекистон - «Artel Avesto Electronics» низ дар назар аст.

Дар робита ба сафари ҳайати бонуфузу сершумори кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, баъзе роҳҳои Душанбе муддати рӯз муваққатан баста шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.