Рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, вазъ дар Қирғизистон хеле зуд тағйир меёбад ва пешгӯӣ кардани он хеле душвор аст. Ин коршиноси тоҷик, ки 7 соли ахир дар ин кишвар кору зиндагӣ мекард ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳаводиси сиёсии ин кишвар, ки дар 15 соли ахир борҳо такрор шудаанд ва ба тағйири низомҳо сабаб шуданд, ба кишварҳои минтақа таъсири кам мегузоранд, зеро “Қирғизистон кайҳост, ки дар минтақа кишвари ҷудогона аст”.

“Ду рӯз пеш ман фикр мекардам, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо  бо созиш ба поён мерасанд. Мақомот мегӯянд, ки мо интихоботро дубора баргузор хоҳем кард ё ороро дубора бозшуморӣ хоҳем намуд. Хуб, ҳоло воқеаҳо ба дараҷае аланга мегиранд, ки ҳатто пешгӯӣ кардан душвор аст. Аз ин рӯ, мумкин аст, ки инқилоб ё табаддулоти нав дар Қирғизистон ба вуқӯъ ояд. Ин рӯйдодҳоро танҳо дар сурате метавон инқилоб номид, ки агар тағйироти сифатӣ оварда шавад. Яъне он нафароне, ки бо ҳукумати қаблӣ алоқаманд буданд, бояд ҳамаи онҳо тафтиш шуда, аз мақом ё вазифа озод карда шаванд.  Алалхусус кормандони додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки тавоноии худро аз даст доданд ва он ҷо ислоҳоти решаӣ лозим аст. Ана пас аз ин рӯйдодҳо, мо гуфта метавонем, ки дар Қирғизистон инқилоб буд на табаддулот”, - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, ин рӯйдодҳо ба кишварҳои дигар таъсири кам доранд, зеро Қирғизистон дар минтақа давлати ҷудогона ҳисобида мешавад.

“Албатта, ин ҳаводис ҳам таъсир мерасонад ва ҳам метарсонад. Аммо дар тӯли 15 сол ин қазияҳо дар Қирғизистон пайваста рух доданд, аммо ин ба дигар кишварҳои минтақа таъсири кам расонид. Таъсири ин рӯйдодҳо ба Тоҷикистон низ хеле заъиф аст. Чун Қирғизистон кайҳост, ки дар минтақа кишвари алоҳида ҳисобида мешавад. Аммо муҳим он аст, ки дар дохили кишвар созмонҳо ва ниҳодҳое вуҷуд доранд, ки ба чунин таҷриба омодаанд, - илова  кард Мамадшоев.

Ман фикр мекунам, ки ин ҳодисаҳо барои мақомот тарсро ба вуҷуд меорад, аммо мардум ҳанӯз ҳам умед доранд, ки чунин режимҳо абадӣ нестанд.

“Дар Қирғизистон ташаббускори чунин тағйирот, умдатан минтақаҳо мебошанд ва ин яке аз услубҳои Қирғизистон аст, аммо инро гуфтан хеле мушкил аст. Ҳатто барои сиёсатшиносони қирғиз дар ин бора гуфтан душвор аст. Фикр мекунам, ки шояд як далели чунин ҳаводис он бошад, ки кишвар хеле  хурд аст ва мардум ҳама якдигарро мешиносанд, яъне ба таъбире  мухолифон ва ҳукумат дар як хона зиндагӣ мекунанд. Онҳо зарфиятҳое надоранд, ки масалан низомиёнро барои чунин амалкардҳои хашин таҳрик диҳанд ва шояд сабаби ин гуна эътирозҳо низ дар ҳамин бошад”, - хулоса кард коршиноси тоҷик.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.