Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки бояд рӯзи 16 октябр тариқи алоқаи видео-конфронс доир мегарддид, ба вақти дигар гузаронида шуд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи душанбе аз Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додаанд.

“Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ, ки мутаносибан бояд рӯзҳои 15 ва 16 баргузор мешуд, бинобар сабаби вазъи мушкили эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва ҷиҳати коркарди бештар муфассали масъалаҳо ба вақти дигар гузаронида мешаванд”, - қайд кардаанд дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳод.

Гуфта мешавад, санаи нави баргузории ҷаласа ҳоло муайян карда нашудааст.

Нахуст баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Тошканд пешбинӣ гардида буд. Соли равон раёсати ИДМ ба уҳдаи Ӯзбекистон вогузор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.