Рӯзи 30-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон ба унвони пирӯзи интихоботи рӯзи 11-уми октябр савганд ёд мекунад. Баъди ин маросим ваколати кобинаи пешини ҳукумат тамом мешавад ва тибқи қонун тамоми кобина бояд ба истеъфо бираваду кобинаи нави ҳукумат бояд муаррифӣ ё таъин шаванд.

“Азия-Плюс” ин мавзуъро бо бархе сиёсатмадорону коршиносон дар миён гузошт, ки вобаста ба вазъи ҳозираи Тоҷикистону минтақа кобинаи нави ҳукумат бояд чӣ гуна бошад ва кадом чеҳраҳо бояд ба кобинаи нав биоянд?

Вазъияти феълии Тоҷикистон ва минтақа кабинаи нав бошанд ва киҳо бояд ба истеъфо бираванд аз барномаи ҲХДТ вобаста аст, ки онро амалӣ мекунанд, мегӯяд раиси Ҳизби демкорати Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода.

- Наметавонм пешгӯи кунам, ки  баъди ғалабаи ҲХДТ дар интихоботи президентӣ ба ҳукумати нав кӣ меояд ва кӣ меравад. Фикр наекунам, ки роҳбарони вазорату идораҳо бояд иваз шаванд. Бисёр роҳбарон ва вазирони кумита ва вазоратҳо одамони бесаводу бад нестанд. Тақрибан ҳамаи онҳо фаъолияти хуб доранд ва аз уҳдаи идораи роҳбарӣ мебароянд. Танҳо механизми идораи вазоратҳо, баъзе мутахассисони калидие, ки дар дохили идора ҳастанд, бояд таҳти назорати шадид бошанд. Вале зерсохторҳои вазорат ва идораҳо эҳтиёҷ ба бозбинӣ доранд. Чун бархеи мутахассисони онҳо дар шаҳру ноҳияҳо фаъолити худро хуб ба роҳ намемонанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ё бозбинӣ шавад ё шакли корашонро тағйир бидиҳанд, чун то ҳол бархе мушкилоти сарҳадӣ ҳалли худро пайдо накардаанд. Масалан сафорати Тоҷикистон дар Русия, ки мардум то ҳол ба мушкилот дучор мешаванд ва ба як ҳолати ҳалкунанда наомадааст. Мушкилот бо ҳамсояҳо дар сарҳад дорем. То ҳол бархе мушкилоти сарҳадӣ бо Қирғизистон ҳали худро наёфтааст.

Вазрати рушди иқтисод ва савдо фаъолияташ норӯшан аст. Чун то ҳол ҳамун нишондиҳандаҳое, ки аз тамоми шуҳру ноҳияҳо меояд, боре нашунидем, ки онҳо бигӯянд, ки як нишондиҳанда нодуруст аст ва масъул бояд ҷазо дода шавад. Дар базъе ҳолатҳо нишондиҳандаҳо бо ҳам мувофиқат намекунанд. Фаъолияти ин вазоратро бояд бубинанад.

Фикр мекунам, соҳаи маориф хеле дигаргунӣ мехоҳад. Дар соҳаи маориф имрӯз тағйирот, яъне ивази ректорону декан ва дигар кормандон ба назар мерасад. Аммо имрӯз мебинем ҷавони 26-сола декани як факултет шудааст.  Ин ба куҷо рост меояд? Агар ҳамун ҷавони 26-сола номзади илм ҳам бошад, наметавонад дар як муддати кӯтоҳ як идорае, ки ба тарбияи насли наврас марбут аст, роҳбарӣ кунад. Дар баъзе ҳолатҳо ҳамун роҳбар худаш ба тарбият муҳтоҷ аст. Барои роҳбар шудан, вақт лозим аст, ки ҷавононро тарбият кунад. Дар соҳаи маориф бояд мутахассисони солхӯрда бештар фаъолият кунанд. Ягон декани факулта бояд синну солаш аз 50-сола поин набошад, ректори донишкада бояд синну солаш аз 50 кам набошад.

Саидҷаъфар Усмонзода

Масъалаи дигар ин аст, ки баррасии парвандаҳо дар судҳо низ бояд бозбинӣ шавад. Яъне шикояти мардум аз ин ниҳод зиёд аст. Ба мо аризаҳои зиёд ворид мешаванд, ки  парвандаҳо дар судҳо нодуруст баррасӣ мешаванд. Зерсохторҳои Прокуратураи генералӣ низ бозбинӣ мехоҳад, чун на дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар фаълияти хуб мекунанд. Шикоят аз болои бархе пркурорҳо низ ба мо ворид шудааст.

Дар ҳамин шакли имрӯзаи фаъолияти иқтисодиёти мо вазорати саноат сохтори зиёдатӣ аст. Чун тоҷир пул дорад ва медонад, ки дар бозор чӣ лозим аст, мардум ба чӣ эҳтиёҷ доранд ва худаш фаъолияти тиҷоратии худро ба роҳ мемонад. Вазорати саноат на ягон маблағ дорад, на завод месозад ва на ягон пешгӯӣ аз иқтисодиёту саноат карда метавонад. Танҳо ҳамин иҷозатнома ва барномаҳое, ки иҷозатномавӣ ҳастанд, баракс барои тоҷирон бисёр мушкилоти зиёд эҷод мекунанд. Ҳоло Вазорати саноат қариб Вазорати кишварзӣ шудааст ва ҳоло роли Вазорати кишвоварзӣ низ номаълум аст, ки кадом ролро мебозад.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва ҷаъоли иҷтимоӣ, мегӯяд ки аслан тағйироти ҷиддиеро намешавад интизор шуд, зеро дар Тоҷикистон бештар ба ҷойивазкунӣ машғуланд, то ислоҳоти кадрӣ. 

 - Бубинед, ҳатто номзадҳо ба президентӣ низ мегӯянд, ки ҳукумат гӯё ба тағйироти кадрие зарурат надорад. Ин маъноеро дорад, ки ё онҳо набояд дар ин бора сӯҳбат кунанд, ё маълумоти кофӣ надоранд. Аммо дар бӯҳрони кадрии имрӯз, ки як замон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, "кадр набошад, аз кисаам ёбам?" вакилони парлумон ҳам муҷриманд. Зеро маҳз инҳо ҳайати ҳукуматро тасдиқ мекунанд. Аммо интихоботи навбатии президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон як паёми дигар ҳам дорад: он шояд охирин маротибаи президентиаш гардад. Аз онҳое, ки ҳамроҳаш 28 сол пеш ба қудрат омада буданд, ҳоло тақрибан касе дар саҳна боқӣ намондааст. Вале фарзанду  пайвандони онҳо ҳастанду мақомҳое низ доранд.

Агар навбатро ба ҷавонон доданианд, пас ин ҷавонони тиллоӣ ҳатман аз байни ҳамон хешу табори қадимиҳо пайдо хоҳанд шуд. Муҳим қаноат додани афроди пуртаъсир аст, на пешбурди бахшҳо. Ҳарчанд назарҳое ҷо дошт, ки барои роҳкушоӣ ба Рустами Эмомалӣ ва интиқоли қудрат эҳтимол аз ҳисоби ҷавонони технократ як командаи дигар пайдо мешавад. Шояд ин фарзия барои дертар мавқуф гузошта шуд

Умед Давлатов: сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

Феълан кишвари мо интихоботи навбатиро пушти сар гузошт, кабинаи ҳукумат бояд ба истеъфо равад ва  дар кабинаи нави ҳукумат нафарони нав таъин карда шаванд.  Аз нигоҳи таҳлилҳо вазъи  сиёсию иқтисоди ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамҷунин вазъи дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  як марҳилаи нав, яъне давлати рӯ ба рушд  қадам гузошта истодааст.

Аз рӯйи мушоҳидаҳо, мо эҳсос мекунем, ки дар кабинаи нав насли ҷавон бояд бошанд. Чунки Пешвои Миллат тайи чанд соли охир бештар такя ба насли ҷавон мекунад. Зеро ин насл аз таҷриба ва малакаи сиёсати ҷаҳонӣ обутоб ёфтаанду бархӯрдор мебошанд ва ҳамчунин дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил  карданд. Онҳо  бо як нигоҳ ва дидгоҳи нав ба ҷомеъаи мо ворид шуданд.  Ин нигоҳ ва назарҳо бояд дар ҷомеъаи мо паҳну аммалӣ карда шаванд. Он  ҳадафҳои стратегӣ ва миллие, ки мо дорем бояд як неруи нав, тоза ва ҷавон бошад.

Донишҷӯёни тоҷик дар Маскав
Акси бойгонӣ

Инчунин  нафароне таъин карда шаванд, ки нафарони  ҳирфаӣ ва мутахасисиони соҳа бошанд, маъсулияти баланди давлатдорӣ дошта бошанд.

Ман наметавонам дақиқан номбар кунам, чунки ин гуна ҷавонон зиед мебошандю 50% аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил мекунад.  Имрӯз  ҳар як ҷавон ба як неру ва дидгоҳи нав ба саҳнаи ҷомеа меояд. Ман яке аз онҳоро аз дигарашон на бояд ҷудо кунем ва беҳтар донем.

Зариф Наим, муовини раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Дар ин шакке нест, ки зарфияти интелектуалии мардуми тоҷик болост ва барои идораи ҳар гуна кобина басандагӣ мекунад. Ман фикр мекунам, агар мустақилияти ҳар шохаи ҳкомият – иҷроия, суд ва порлумон таъмин шаваду дар ҳамоҳангӣ кор кунанд, ба ҳеч чизи дигар зарурат нест. Дар блоки иқтисодӣ ҳам мо кадрҳои донишманд зиёд дорем. Агар парлумони мо қонунҳое қабул кунад, ки монополияи иқтисодиро комилан аз миён баранд, фикр мекунам дар ин бахш ҳам пешравиҳо мешавад.

Дар масъалаи сиёсӣ, интихоботи ахир нишон дод, ки мардуми Тоҷикистон аслан ба ҷонибдории сулҳу оромӣ овоз доданд. Мардуми Тоҷикистон бисёр мардуми пурсабу қаноатпешаанд. Аз ин рӯ, ҳодисаҳое, ки дар Белорусу Қирғизистон рӯй доданд, ба вазъияти мо таъсире надоранд. Ман фикр мекунам сатҳи сулуҳу оромии мо барои 40-50 соли дигар кофӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.