“Хизмати хирсона ба давлат”, “Илтифот ба ҳукумат”. Боз чӣ?

“Мубориза барои ҷои дуюм”. Агар ёдатон ҳаст, интихоботи президентии Тоҷикистонро инҷониб зери ҳамин мафҳум ҷо дода будам. Зеро шавқу шӯри маъракаи муҳимтарини сиёсӣ ба назар намерасид ва эҳтимол, номзадҳои дигар натиҷаи интихоботу мақоми хешро ҳамчун “василаи зебдиҳанда” медонистанд. 

Сабаби аслии ин ҳолат дар чист?

- Дар маъракаи ахири президентӣ дар Тоҷикистон, рафтори ҳизбҳои сиёсии кишвар воқеъбинона буд. Зеро имрӯз ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ба сатҳест, ки тақрибан қобили баҳс нест. Ӯ интихоби табиӣ ва ақлгароёнаи ҷомеа аст. Ҳизбҳои сиёсӣ ё сиёсатмадорони дигар инро дуруст дарк мекунанд ва дар қиёс бо шаҳомати шахсияту ҷойгоҳи Пешвои миллат чеҳраву фаъолияти онҳо камранг менамояд. Барои ин марҳилаи таърихӣ ва ин вазъияти сиёсӣ ин ҳолати табиист. Касе метавонад инро бипазирад, ё не, аммо онро инкор карда намешавад, -  мегӯяд мушовири раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо.

Аммо ин “марҳалаи таърихӣ” ва ин “вазъияти сиёсӣ” хеле шуд, ки идома дорад. Таҳлилгар Меҳмоншо Шарифзода оғози ин давраро ба солҳои 2010 – 11 нисбат медиҳад, ҳарчанд масъаларо мешавад аз соли 2005 – пеш омадани “мушкилоти дохилӣ” дар ҲСТ ва ҲДТ, таъсис ёфтани Ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ суроғ кард:

- Дар ин раванд ҳизбҳое, ки воқеан фарҳанги сиёсӣ доштанд  ва метавонистанд бо ҳизби ҳоким дар мухолифат қарор бигиранд, заиф карда шуданд, шикаста шуданд ва ё аз мамлакат берун гардиданд. Акнун  мо ҳолатеро шоҳидем, ки онро “бӯҳрони ақлониёт” гуфтан мумкин аст, ки мардум дигар ба ақли мустақили худ такя намекунанд. Баръакс, зери таъсири идеологияи хушку холӣ  мондаанд. Дар чунин шароит ва ҳолат  душман сохтан аз мухолифи сиёсӣ бисёр осон аст. Аз ин хотир, бисёрии онҳое, ки то солҳои 2010 - 11 дар муқовимати сиёсӣ буданд, акнун бар ин боваранд, ки ба ҳамон “нуқтаи даркорӣ” расиданд, ки дигаргун карданаш номумкин аст ва ҳар кас бояд дар пайи “ёфтани зиндагии худ” бошад. Мешавад гуфт, ки дар мо ҳоло сиёсати зидди сиёсат шакл гирифтаасту аз ин хотир баъзеҳо мегӯянд  “дар Тоҷикистон оппозитсия даркор нест, мо ҳама як халқем”...

Меҳмоншоҳ Шарифзода
Акс: аз бойгонӣ

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ - ягона ҳизбе, ки аз он дар кишвар мухолиф ном мебаранд, мегӯяд раванди ҳоло фаъол қобили пешбинӣ буд, зеро:

- Агар ба таъриху заминаҳои таъсиси ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва стратегияю ҳадафҳояшон ҷиддитар мутаваҷҷеҳ шавед, маълум мегардад, ки фаъолияти онҳо бояд чунин бошад. Зеро сатҳи амали онҳо, бахусус шаш ҳизби маълум, аслан иродаи сиёсии сардори давлатро инъикос намуда, бояд барои амалӣ кардани ҳадафу вазифаҳои ҳукумат мусоидат намояд. Барои мустақилона шакл додани афкори сиёсии шаҳрвандон шояд қобилияту истеъдод ва дигар имконотро дошта бошанд, вале риояи шартҳои ҳамкории иҷтимоӣ миёни ҳизбҳо, ғайр аз ҲСДТ, таъмини кафолатҳои авлавияти ҳукумат аст. Дар акси ҳол, онҳоро аз имтиёзҳояшон дар робита ба доштани якчанд вакил, ҳаққи кор дар дигар соҳаҳо маҳрум мекунанд. То ҳоло ташаккул наёфтани синфи миёна ва набудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳти назорати қатъӣ қарор доштани ҳамаи муассисаю созмонҳои эҷодию интеллектуалӣ низ боиси дар сатҳи аз ҳадд паст қарор доштани фарҳанги сиёсии муосир мебошад, ки дар натиҷа на муҳити озоду мусоиди иқтисодӣ дорему на рақобати сиёсии солиму мувофиқ. Дар ин шароит, агар мухолифати шадид намоед, метавонанд шуморо аз тамоми манбаъҳои зиндагӣ маҳрум намоянд.

Ин андешаро намояндагони аҳзоби сиёсии фаъол қабул надоранд. Аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ. Ӯ масъаларо ба “масъулиятнокии ҳизбҳои фаъол” нисбат доданӣ мешавад:

- Бар ин назарам, дар гузашта ҳизбҳои сиёсӣ ба хотири омилҳои берунӣ ба ҳар мушкиле дар Тоҷикистон баёнияҳо пахш мекарданд. Ҳоло сатҳи ҳизбҳои сиёсӣ тағйир ёфтааст ва раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ аз айбдоркунии беасос худдорӣ мекунанд. Гузашта аз ин, бештаре аз ҳизбҳо дар порлумон намоянда доранд ва аз ин минбар истифода мекунанд. Зеро, ба парлумон ҳамаи аъзои ҳукумат даъват мешаванд ва мо имкон дорем масоили мавриди назари худро бо онҳо матраҳ созем. Дар гузашта ҳизбҳо ба ҳар баҳона ба президент муроҷиат мекарданд. Вале хубтар аст, ки ба сохтори мушаххас муроҷиат карда, мушкилоти мавҷударо ҳал созем, - мегӯяд Усмонзода.

Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президент асли масъаларо дар ҷои дигар мебинад:

- Вазъияти ҳизбҳои сиёсӣ, сатҳи ташаккул ва фаъолияти онҳо, саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар, дар ҳақиқат, чандон баланд нест. Аммо таблиғоти манфинигар ва мухолиф ин манзараро бадтар нишон медиҳад. Аз ин рӯ, меъёри воқеии арзёбӣ  на навиштаву таблиғотҳо дар ин мавзӯъ, балки худи воқеияти ин масъала аст. Агар он таблиғоти сиёҳ  рост мебуд, ҳоло дар мо на ҳизб буду на давлат буду на кишвар. Аммо шукр, ки ҳама побарҷост. Яъне бисёр муҳим аст, ки тобеъ ё додаи фазои маҷозӣ нашавем. Ба хулосаи банда, ҳизби сиёсӣ ҳамчун ташкилоти воҳид, созмони арзишӣ ва мактаби идеологӣ ва ҳизбияти шаҳрванд ҳамчун узвияту пайравии огоҳона дар минтақаи мо ҳанӯз воқеият надорад. Баъзе аз ин ҳизбҳо “маҳфили дӯстон” ва баъзеи дигар “гурӯҳи манфиатӣ” ҳастанд. Ҳизби коммунистӣ ҳизб буд, аммо дигар намуди идеологияҳо дар ҷомеаи мо ҳанӯз дар сатҳи ҳаракатсозу ташкилотофар нестанд. Масалан, мо ҳоло табақаи васее надорем, ки "сотсиалистӣ" андешад, ё "сотсиал- демократӣ". Ҳатто қишри васеъ ва фарогири демократитафаккур ҳам нест. Талоши таъсиси ҳизби динӣ, бинобар моҳияти фаромиллии таълимот натиҷаи манфӣ дод. Бинобар ин, ҳизби устувори мактабдори тӯдаӣ ҳоло амалан имкон надорад. Агар фазо бозтар шавад, шояд дар мо ҳам садҳо "ҳизб" ташкил шавад ва ба “рақобати ҳамагон бо ҳамагон” равем. Мисли Қирғизистон, ки садҳо "ҳизб" дорад...

Таҳлилгар Меҳмоншо Шарифов масъаларо ба гунаи дигар мебинад ва онро муҳимтар меҳисобад:

- Баъзан  сиёсатмардон аз сиёсати воқеӣ мегурезанд ва дар беқобилиятӣ ва бесалоҳиятии худ дигаронро гунаҳгор мекунанд. Ин ҳолат ба хусус дар ин қарина (контекст) ҳукмрон аст ва чунин  менамояд, ки имрӯз мушкилиҳои мо ҳалнашавандаанд ва роҳи дигар надорем ба ҷуз ин ки бозичаи дигарон бошем. Ин “ҳикмати амалии”  ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои дигари фаъол гашта, бахусус пеш аз интихоботҳо аз худ  равшан дарак медиҳад. Бо  вуҷуди мавҷудияти омилҳои  беруна, ки дар тақдири давлатҳои заиф нақш доранд,  имкон ва ихтиёри интихоби роҳи мустақилро барои  давлатҳои хурд, ҳеҷ кас инкор карда наметавонад.

Ихтиёр ба интихобро  танҳо касоне метавонанд инкор кунанд,  ки   ба истилоҳи Жан Пол Сартр ба маризии равонии “бадимонӣ” (bad faith) гирифтор шуда бошанд. Инро дар фарҳанги мусулмонии мо “беномусӣ” ва “беғайратӣ” ҳам мегӯянд. Дар ин сурат, дигарон, яъне намояндагони ҳизбҳои дигар  танҳо дар фарҳанги гап, намоиш ва сурат бо онҳо ҳамроҳанд. Воқеан, ба назар мерасад, ки гӯё ҳама ситемаҳоро дар ҷомеа “кафшер” кардаанд. Яъне системаҳо, чорчӯбаҳо  ҳастанд, вале ҳаракат нест. Ин ҳолати равонии шахсист, ки баъзеҳо бо мушкилоти худ муқобилият карда наметавонанд ва аз озодии асл ва аз масъулият дар баробари он чӣ бояд мекарданд,  мегурезанд ва барои  барои таскин ё барои сафед кардани беғайратии худ  қиссаҳо мебофанд.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намуда, пас аз Эмомалӣ Раҳмон ҷои дуюмро соҳиб шуд, мавзӯро ба набудани таҳаммулпазирӣ дар кишвар мекашад:

- Дар фаъолиятҳои сиёсӣ бояд хеле эҳтиёткор буд. Солҳои 90 -и асри гузашта ман донишҷӯ будам ва дар Санкт – Петербурги имрӯза таҳсил мекардам. Онро “шаҳри инқилобӣ” ҳам меноманд, зеро маҳз дар “пойтахти шимолии Русия” бисёрии шахсиятҳои муҳим фаъолияту зиндагӣ доштанду ақидаҳои ҷиддии сиёсӣ низ дар он зуҳур мекард. Аммо барои ман ҷолиб буд, ки ҳамаи баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ бе ягон зӯроварӣ сурат мегирифт. Дар мо бошад, танҳо гирдиҳамоии моҳи феврали соли 1990 ба хунрезиву кушта шудани одамон оварда расонд, агар ҳоло дар бораи даҳшатҳои ҳаводиси солҳои 1991 – 92 нагӯем. Яъне фарҳанги сиёсӣ аз бисёр чизҳо, аз ҷумла таҷрибаву шахсиятҳо вобастагии калон дорад. Ҳоло ҳам, фикр накунам, ки дар мо муҳити зарурии сиёсӣ барои баҳсу баррасиҳои аз ин бештар пайдо шудааст. Ман ҳам матлабу шарҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбукро аз назар мегузаронам. Мебинам, ки баъзан “қаҳрамон” -ҳое пайдо мешаванд, ки ин ё он масъаларо бо чӣ гуна пешниҳоду арзёбиҳои бебунёд шарҳ доданӣ мешаванд. Ҳол он дар чунин вазъияти иқтисодиву молӣ амалӣ шудани онҳо мушкил аст. Аз ҷониби дигар, ин гуна мушкилиҳо дар ҳар як давлат ба ин ё он шакли дигар вуҷуд доранд...

Рустам Латифзода ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ
Акс: аз фейсбук

Баҳодур Раззоқов, яке аз фаъолони Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд ба ин ақида, ки аксари ҳизбҳои мо аз рӯи қоидаи русии "ба боло нигоҳ карда” фаъолият доранд, розист. Дар бораи сабабу пайомадҳои ин раванд низ хулосаи худро дорад:

- Эҳтимол таҷрибаи ками сиёсӣ низ дар фаъолияти онҳо таъсир дошта бошад. Шояд барои он аз эҳтиёт кор мегиранд, ки мабодо зарар нарасонанд. Вале дар умум, розӣ ҳастам, ки камранг будани фаъолияти ҳизбҳо дар давраи баъдиинтихоботӣ ин як хизмати хирсона ба давлат, вале илтифот нисбати ҳукумат аст...

Мешавад хулоса кард, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аслан аз рӯи масали машҳури “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!” фаъолият мекунанд. Вале дар давлатдорӣ ва сиёсат ҷойгоҳи як ташкилоти сиёсӣ бояд дигаргуна бошад. Пас шояд зарурати аз миқдор ба сифат гузаштани аҳзоби сиёсӣ пеш омадааст?

Воқеан, дар бораи гузаштани Тоҷикистон ба низоми дуҳизбӣ низ як замон баҳсҳо пайдо шуда буд. Шояд акнун сари он андешаи бештар намуд?

Ба ин мавзӯъ ҳам бармегардем...

Ин матлаб аз торнигори “Рӯзи нав” бо Раҷаб Мирзо бознашр шудааст ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.