Насим Олимзода, вазири пешини тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мудири Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон таъин шудааст.

Ин хабарро Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ба “Азия-плюс” таъйид кард.

Пеш аз ин бархе расонаҳо хабар дода буданд, ки Насим Олимзода мудири бемористони Шифобахш, ки бо номи Қарияи Боло низ маъруф аст, таъин шудааст. Вале баъдтар ин хабар таъйид нашуд.

Насим Салимзода баъди шуйъи коронавируси COVID-19, пас аз он ки Тоҷикистон вуҷуди вирусро дар кишвар эътироф кард, дар ибтидои моҳи май аз вазифа барканор шуд.

Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ҳамчунин  бо номи “Клиникаи Мансуров” низ маъруф мебошад, ки соли 1959 аз сӯйи академик Ҳомид Мансуров таъсис шудааст ва нахустин пажуҳишггоҳ дар сатҳи Шӯравӣ буд.

Насим Олимзода дар мақоми мудири Пажӯҳишгоҳ ба ҷойи Саодат Азимзода омад, ки двувм ҳамакнун муовини мудири Пажуҳишгоҳ таъин шудааст. 

Насим Олимзода доктори улуми тиб аст. Ӯ солҳо дар мақомҳои гуногуни Вазорати тандурустӣ кор кардааст. Солҳои 2014-2017 муовини вазир ҳам буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.