Дар паёми табрикияш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатиро яке аз омилҳои иттиҳоди миллӣ ном бурдааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон “таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст”.

Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистонро торнамои раисҷумҳур нашр кардааст, ки дар он гуфтам мешавад, “парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатиро “муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ”, “нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик”, “омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа” номида таъкид кардааст, ки “ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми шодбошияш ба зиёд шудани бунёди майдонҳои ин рамзи давлатӣ ишора кардааст: “Қобили зикр аст, ки солҳои охир бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад”.

“Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд. Ҷойи сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад”,- омадааст ҳамчунин дар ин паём.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.