Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз вазифа барканор шудааст. Дар ин бора як манбаъ ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи Акрамзода имрӯз дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, ки то ин замон раиси Агентии хоҷагии ҷангал буд, ба сифати раиси ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ шудааст. 

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон то кунун дар бораи тағйироти кадрии имрӯз иттилое нашр накардааст, вале манбаи мо мегӯяд, торнамои Президенти Тоҷикистон баъди асри имрӯз ахбори марбут ба тағйироти кадриро нашр мекунад. 

Ҳафтаи гузашта ҳам президент раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барканор кард, ки ба ҷойи ӯ муовинаш Ҳоким Холиқзода раиси бонк шуд. Ҳамчунин дар баробари раиси Бонки миллӣ ректорони бархе донишгоҳҳо ва раҳбарону муовинони ниҳодҳои бахши иқтисоди ҳукумат низ барканору таъин шуданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.