Имрӯз дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Разаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, робитаҳои феълии Тоҷикистон ва Покистон фарогири соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, амният ва дигар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн буда, бо назардошти имконияти мавҷуда, ба рушду густариши онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
“Тоҷикистону Покистон нисбати аксари масъалаҳои умдаи минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд ва ин мавқеъгириҳо имкон медиҳад, ки ду давлат дар ҳамоҳангӣ ба ҳалли мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мусоидат намоянд”, - изҳор дошт зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта мешавад, дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардид.
Ҳамчунин доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҷаримаи мансабдор дар Қубодиён барои нодида гирифтани муроҷиати мардум
Эмомалӣ Раҳмон бино ва хобгоҳи нави ДМТ-ро боз кард
Баҳои иншои дохилшавии Эмомалӣ Раҳмон чанд буд? Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ
Дар Тоҷикистон сабти ном барои дарёфти квотаи таҳсил дар Русия оғоз шуд
Пирӯзии толибилмони Хуҷанд дар олимпиадаи байнулмилалӣ
Зимистони пас аз баҳор. Тоҷикистон барфпӯш шуд
USAID ба китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон китоб медиҳад
Барфи зиёд: роҳи Душанбе-Хуҷанд барои бархе мошинҳо баста шуд
Дар Тоҷикистон ниме аз корхонаҳои сабтиномшуда кор намекунанд: сабаб чист?
Даъвати Лоиҳаи Фонди тоҷикистонии Оғохон ба озмуни фурӯши трансформатор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста