Шоми дирӯз нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав ба сифати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дар вохӯрӣ бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия Рустами Эмомалӣ муҳимияти робитаҳо байни парлумонҳои ҳар ду кишвар, инчунин рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русияро, ки самти махсуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, таъкид намуд.

Зимни ин сафар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия иштирок карда, бо муовини раиси ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Русия Александр Жуков ва раиси шаҳри Москва Сергей Собянин дидору гуфтушунид кард.

Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷонибҳо бобати баргузории Ҷашнвораи ҷавонони шаҳрҳои Душанбе ва Маскав, идомаи баррасии лоиҳаи таъсиси Гӯшаи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) ба мувофиқа расида, Рустами Эмомалӣ ва Сергей Собянин Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2013-ро ба имзо расониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.