Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея аз рӯйи натиҷаҳои Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея изҳороти муштарак қабул карданд.

Онҳо ҷиҳати кӯши муштарак баҳри дарёфт ва амалисозии лоиҳаҳое, ки ба густриши уфуқҳои ҳамкорӣ имкон медиҳанд, изҳори назар карданд.

Дар изҳорот тасдиқ мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ шарикони муҳим дар “Сиёсати нави шимолӣ”-и ҳукумати Ҷумҳурии Корея мебошанд.

Созиш ҳосил шуд, ки баргузории ҳамоиши навбатии ҳамкории “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” дар соли оянда бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешавад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 26 ноябр дар доираи сафари расмӣ ба Сеул бо президенти Бунёди Корея ҷаноби Гин Ли мулоқот намуд.

mfa.tj

Дар ҷараёни мулоқот зарфиятҳои Бунёди Корея барои таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни Корея ва Тоҷикистон тавассути барномаҳои гуногуни табодулӣ баррасӣ шуда, барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи барномаи мубодилаи дипломатҳо, дар соҳаҳои фарҳанг ва васоити ахбори омма изҳори омодагӣ шуд.

Ҳамин рӯз Сироҷиддин Муҳриддин инчунин бо мудири кулли Академияи миллии дипломатии Корея Ким Ҷун Ҳёнг мулоқот намуд.

mfa.tj

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкориҳои муштаракро дар самти омода намудани дипломатҳои касбӣ, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди дипломатҳои ҷавони тоҷик барои иштирок дар давраҳои бозомӯзии Академияи дипломатии Корея изҳор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии назди Вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон ва Академияи миллии дипломатии Кореяро ба имзо расониданд.

Ғайр аз ин, вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон бо Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) хонум Ли Ми-кюнг мулоқот намуд.

mfa.tj

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба  таҳким ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Агентӣ ва инчунин густариши робитаҳо дар доираи барномаи рушди захираҳои инсонӣ ва ҳамкории техникӣ табодули афкор намуданд. Дар баробари ин, барои кумаки мунтазами Агентӣ ба Тоҷикистон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ, энергетика, тандурустӣ ва кишоварзӣ баҳои баланд дода шуд.

Ҷониби Тоҷикистон даъват намуд, ки Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея  дар Душанбе ба мақсади таҳкими бештари ҳамкориҳо ифтитоҳ гардад.

Як рӯз пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба Сеул бо роҳбари Агентии ташвиқи сармоягузорӣ ва тиҷорати Корея Пюнг-о Квон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва дидору гуфтушунид кард.

Ёдрас мекунем, ки Сироҷидин Муҳриддин рӯзи 23 ноябр ҷиҳати иштирок дар Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” ва анҷоми сафари расмӣ ба Сеул рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.