Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷоиза ва унвонҳои зиёде аз сӯйи ниҳодҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ дарёфт кардаанд. Вале то кунун рӯйхати комили ин ҷоизаву унвонҳо дар ҳеч куҷо нашр нашуда буд.

Рӯзҳои ахир баъзе аз бахшҳои ҳизби ҳокими Халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси он аст, дар минтақаҳо рӯйхати комили ин унвонҳоро нашр карданд.

"Азия-Плюс" ба Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи дурустии ин рӯйхат муроҷиат кард ва Абдуфаттоҳ Шарифзода роҳбари Хадамот таъйид кард, ки ин рӯйхат дуруст аст. Мо ин ҷоизаву унвонҳоро дар шакли инфографика ҷамъ овардем.