Даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 8 декабр дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар рафти муколама маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкориҳои самарабахши ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

mfa.tj

“Аҳаммияти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, муҳоҷират, тадбирҳои муштарак бар зидди ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим таъкид гардид”, - омадааст дар хабари ВКХ.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо пиромуни масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташаббуси минтақавии “Осиёи Марказии Сабз” мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, Олмон Тоҷикистонро бо 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ба маблағи 287, 500,00 евро таъмин кард. Дастгоҳҳо дар доираи кумаки молиявии ҳукумати Олмон ба маблағи 1 млн евро таҳвил дода шуданд. Маблағ тариқи Бонки Рушди Олмон (KfW) моҳи марти ҳамин сол дар доираи ҳамкориҳои молиявии Тоҷикистону Олмон ҷудо карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.