Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи табрикӣ пирӯзии Ҷо Байден президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро табрик гуфт, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаву муҳтавои амалии онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

Дар идомаи барқияи табрикии худ Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст:

"Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар маснади олии Роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Америка мо ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушди боз ҳам бештар хоҳем дод.

Омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.

Бо камоли самимият ба Шумо сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули минбаъдаатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно дорам».

Боёд гуфт, ки имрӯз Ҷо Байден аз сӯйи Коллеҷи интихоботии ИМА расман пирӯзи интихоботи ин кишвар эълон шуд. Ҷо Байдени 78-сола паси аз эълони расмии пирӯзияш дар як суханронӣ барандаи интихобот шуднашро "пирӯзии демкоратия" унвон кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.