Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, яке аз далоили сафарашро ба Тоҷикистон “ҷалби ҳимояти Тоҷикистон аз сулҳи Афғонистон” ном бурд. Ин ки Тоҷикистон бо чӣ имконоте метавонад аз талошҳои сулҳ дар ин кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабону ҳаммарзаш пуштибонӣ кунад ва чӣ гуна метавонад дар музокироти давлати расмӣ бо гуруҳи “Толибон” ширкат бикунад, “Азия-Плюс” аз коршиносон пурсид.

Шералӣ Ризоён сиёсатшинос ва коршиноси равобити байнулмилал мегӯяд, ки барои Ҳукумати марказии Афғонистон дар марҳилаи кунунӣ бисёр муҳим аст, ки назари мусбати ҳамсоякишварҳоро перомуни раванди сулҳ дар ин кишвар ва ҳимояти мавқеи Кобули расмиро пайдо кунад.

“Табиист, ки се давлати бо Афғонистон ҳамҷавори Осиёи Марказӣ миёни ҳамсояҳои дигари ин кишвар, ба равандҳои дохилиаш таъсири зиёд надоранд. Моҳе қабл доктор Абдулло Абдулло ба Ӯзбекистон низ ташриф оварда буд, ки дар рафти он вазири корҳои хориҷӣ ин кишвар Абдулазиз Комилов Афғонистонро ба ҳамгироии наздик бо давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват намуд. Нуктаи мазкур дар дарозмуддат метавонад имконоти зиёдеро ҳам барои давлатҳои минтақа ва ҳам Афғонистон ба вуҷуд орад”,-мегӯяд Ризоён.

Ба назари Шералӣ Ризоён аз миёни ҳамаи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи Тоҷикистон нисбат ба сулҳи пойдор дар Афғонистон систематик будааст ва Душанбеи расмӣ ҳамеша аз мавқеи ҳукумати расмии Афғонистон дар зиёда аз 20 соли охир ҷонибдорӣ намудааст.

“Худи модели мудохила накардан ва ҷонибдорӣ намудан аз ҳукумати расмии Афғонистон мусоидати ҷиддии Тоҷикистон дар ин раванд ба ҳисоб рафта метавонад. Иштирок дар музокирот ба сифати нозир ҳам ба ин раванд машруият мебахшад, чун ҳамаи давлатҳои ҳамсояи Афғонистон (бо назардошти татбиқ ё ба назар гирифта шудани манфиатҳои онҳо) ба як сулҳу суботи нисбӣ дар ин кишвар манфиатдор ҳастанд”,-боварманд аст ин коршиноси равобити байнулмилал.

 

Саъди Юсуфӣ огоҳи сиёсӣ ва коршиноси минтақаӣ ҳам бар ин назар аст, ки Тоҷикистон метавонад ба ҳайси кишваре, ки таҷрибаи ҷангу сулҳро пушти сар гузоштааст, ба ҳайси ҳамсояи дар ба деворе, ки дарозтарин сарҳадро бо Афғонистон дар миёни кишварҳои ОМ дорад, ба ҳайси кишваре, ки манфиатҳои гуногуни иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар кишвари ҳамсояи худ дорад, дар гуфтушунидҳо бо “Толибон” ширкат кунад.

“Дар кул ҷалби Тоҷикистон ба раванди сулҳи Афғонистон амри муҳим ва баҷойе аст. Раванди сулҳи Афғонистонро фарогир ва пухтатар мекунад. Ва ҳам барои кишврҳои ОМ ба шумули Тоҷикистон, ки нигарониҳои амниятӣ аз тарафи марзҳои ҷанубии худро доранд, аҳамияти калон дорад”,-мегӯяд Юсуфӣ.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ имрӯз бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидор анҷом дод.

Интизор меравад, ки фардо Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабл аз сафараш дар саҳфаи расмии фейсбукаш навишта буд, ки ин сафараш бо даъвати расмии ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.