Дар Тоҷикистон бо фармони президент барои олимон ва устодони риштаҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи нави давлатӣ таъсис дода шуд. Сар аз соли 2021 ҳамасола 15 олим ба ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд, хабар дод як манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон ба "Азия-Плюс".

Ба вазорати молия дастур дода шудааст, ки аз якуми январ маблағи ин Ҷоизаи давлатиро аз ҳисоби будиҷаи давлат таъмин намояд. 

Ҳадафи аз тақдими ин Ҷоизаи давлатӣ барои олимон ва устодони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ин иҷроӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва наовариҳо ва бо ин роҳ рушд додани ин самтҳо мебошад. Ҳамчунин  рушд додани фаъолияти эҷодии олимону устодони ин бахшҳо ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳбуд бахшидани равишҳои дарсдиҳӣ ва омӯзиши риштаҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои хонандагон, донишҷӯён, магистрҳову докторантҳо дар ин тахассуҳо гуфта мешавад. 

Ҷоизаи давлатӣ иборат дар мукофоти пулӣ ва диплом мебошад. Андозаи мукофоти пулиро ҳамасола Ҳукумати Тоҷикистон таъхин мекунад. 

Ҷоизаи давлатӣ ба донишмандон барои ин дастовардҳо дода мешавад:

- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникие, ки барои рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат мекунанд;

- коркард ва роҳандозии фановариҳо, кашф ва ихтирооте, ки рушди иқтисодӣ ва иқтидори мудофиавии кишварро боло мебарад;

- таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмиву методӣ, маводи таълимиву методӣ, омода кардани хонандагон, донишҷӯён, магистрҳо ва докторантон аз рӯйи тахасусҳо барои озмунҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ;

- ширкати фаъол дар чорабиниҳои илмиву омӯзгорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ;

- саҳмгузорӣ дар коркад ва татбиқи барномаҳои илмиву технкии ҷумҳурӣ.

Ҷоизаи давлатӣ ба омӯзгорон барои ин дастовардҳо дода мешавад;

- навоварӣ дар таҷрибаи омӯзгорӣ, нашри мақолаҳои илмиву методӣ, шаҳодатномаи ихтироот, чопи дастур ва китобҳои дарсӣ;

- дарки санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ, тавонмандии асоснок  кардани мавзуъ таълим ва равиши тадрис;

- ҳадафмандонаи истифода кардани фановариҳои иттилоотиву иртиботӣ, шабакаи ҷаҳонии интернет, тахтаҳои электронӣ, партавафкан (проектор), сохтани барномаҳои рӯнамокунанда (слайдҳо);

- омода кардани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.