Даври чоруми ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса 12 январи соли равон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро и.в. сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка Усмонов Фирдавс ва ҳайати Фаронсаро муовини мудири кулли Идораи қитъаи Аврупо Силвен Гиёге роҳбарӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар нишаст маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сурат: ВКХ ҶТ

Зикр мегардад, ки дар атрофи мавзӯоти мубориза бо COVID-19, таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, соли 2021 дар Париж баргузории ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Фаронса ва сафари ҳайати тоҷирони Фаронса ба Душанбе бо мақсади омӯзиши имконоти сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.