Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки механизми додани раводиди сесолаи чандборвурудӣ ё бисёркарата ба ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистонанд фаъол аст. Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат мегӯяд, ки аз тамоми намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, ки ҳаққи судури раводидро доранд, мешавад ин навъи раводидро дарёфт кард.
Ин таъкиди вазорат дар ҳолест, ки бархе аз хонандаҳои “Азия-Плюс” дар саҳфаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки барои дарёфти ин навъи раводид дар хориҷи кишвар дучори мушкил шудаанд.
Додани ин раводидро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта ҳангоми ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дастур дода буд.
“Бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад”,-гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон додани ин раводидро тадбири муҳиме дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шудани солҳои 2019-2021 ва “ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон” хонда буд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин мегӯяд, агар зодагони Тоҷикистон дар ҳар гӯшаи дунё, дар намояндагиҳои дипломатӣ барои гирифтани ин раводид ба мушкил мувоҷеҳ шуданд ё дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон барои онҳо душворие пеш оварданд, метавонанд мустақиман ба худи вазорат ба василаҳои тамосе, ки дар торнамои Вазорат гузошта шудааст, муроҷиат кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста